Аз Ҳоҷиқурбону Раҷаббек то Манижаю Фирӯза: мақоми варзишгарони тоҷик дар рейтинги каратэ

Федератсияи байналмилалии карате рейтинги ҷаҳониро оид ба ин намуди варзиш нашр кард, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ дар мавқеъҳои гуногун ҷой гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Рейтинги Федератсияи байналмилалии каратэ аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои гуногуни интихобӣ тартиб дода шудааст.

Дилшод Назаров аз омодагияш барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2021 хабар дод

Ба рӯйхати ҷаҳонӣ каратэчиёни тоҷик низ дохиланд. Дар маҷмӯъ, рейтинг ҳашт категорияи олимпиро дар бар мегирад, ки чортоӣ барои мардон ва занон аст.

Дар ҳар як вазн беш аз 700 варзишгар ширкат мекунанд. Дар тӯли сол, рӯйхати рейтингӣ нав карда мешавад, ки ин имкон медиҳад, ҳайати дастаҳои миллӣ барои ширкат дар мусобиқаҳо ташкил карда шаванд. Ғайр аз он, рейтинг барои бисёр каратэчиён роҳест ба Бозиҳои олимпӣ.

Ҳамин тавр, дар вазни то 67 кг, ҷои 161-умро Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, дар ҳамин вазн дар ҷои 166-умро Қамариддин Ҳасанов ишғол мекунанд.

Раҷаббек Раҳимов дар вазни беш аз 75 кг дар ҷои 169-ум қарор дорад. Ва дар сатри 265-ум Ҷавоҳир Ҳайдаров ва дар зинаи 427-ум - Фаррухҷон Раҳимов қарор гирифтааст.

Манижа Суюнова дар ҷойи 229-юм байни занон дар категорияи "ката" қарор дорад. Дар вазни 55 кило Нигина Давлатова дар ҷои 53, Гулусори Сӯҳроб дар ҷои 288 ва Насиба Карликова дар ҷои 335 мебошанд. Дар вазни беш аз 61 кило бошад Муаззама Баҳромзода 193-ум ва Фирӯза Махсудова 282-юм мебошанд.

Шаббос Негматуллоев дуввумин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард

Ёдовар мешавем, қаблан раҳбарии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон Исроил Исмоилов, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти Осиё ва ҷаҳон бомуваффақият баромад мекард.

Санаи баргузории Бозиҳои олимпии Токио дақиқ шуд

Аламхон Қурбонов, Саидобек Саидов ва Бобоалӣ Табаров муовинони президент интихоб шуданд. Муҳаммад Бодаков бошад, вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт.