“Паём ба Русия”: чаро ИМА ба соҳилҳои Норвегия киштии махфии зериобӣ фиристод?

ИМА бо фиристодани киштии зериобии махфии “USS Seawolf” ба соҳилҳои Норвегия “паём ба Кремл” дод, навиштаанд расонаҳои амрикоӣ. Дар барномаи радиои Sputnik амрикошинос Владимир Батюк нақл кард, ки амрикоиҳо чӣ нишон додан мехоҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо фиристодани киштии Seawolf ба соҳилҳои Тромси Норвегия, ”паём ба Русия” дод, навиштааст The Drive.

Сабукӣ ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: қарзи онҳо бахшида шуд

Ба иттилои нашрия, чунин ошкор кардани маълумот , хоси тактикаи марбут ба корбурди киштиҳои махфии зериобӣ нест. Муаллифон фарзия пешниҳод кардаанд, ки бо ҳамин шева ИМА ба мақомоти Русия паёмҳое фиристодаанд.  

Шореҳони хориҷӣ таъкид мекунанд, ки интихоби ин шаҳри Норвегия ҳам тасодуфӣ нест, чун дар наздикии масири ҳаракати киштиҳои зериобии Русия қарор дорад.

Муроҷиати Вазорати маориф ба донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Белорусу Украина дохил шудаанд

Дар баробари ин ба Тромс шаш ҳавопаймоии стратегии бомбафкани B-52H, фиристода шудаанд, ки тавони бардоштани силоҳи ҳастаиро дорад. Муаллиф чунин иқдоми фармондеҳони низомии ИМА-ро “паёми мустақим ба Маскав” унвон кардааст.

Бӯи ғализ дар Хуҷанд: мушкиле, ки 2 ҳоким Муҳаммадзода ва Назирӣ дар ҳаллаш оҷиз мондаанд?

Дар барномаи радиои Sputnik, ходими илмӣ, роҳбари Маркази таҳқиқоти низомӣ-сиёсии Пажуҳишгоҳи ИМА ва Канадаи Академияи улуми Русия, Владимир Батюк изҳор дошт, ки гап дар бораи мубориза барои қутби шимол - Арктика меравад.

“Миёни абарқудратҳо мубориза барои Арктика меравад. Дар пасманзари гармшавии ҳаво ва обшавии яхҳои арктикӣ, захираҳои минералии Уқёнуси яхбастаи шимолӣ дастрастар мешаванд. Зиёда аз ин роҳҳои баҳрӣ, аз ҷумла роҳи баҳрии шимолӣ дастрастар шудаанд. Ин ҷо инчунин бархӯрди манофеи амниятии абарқудратҳо ҷой дорад. Кофист гуфтан, ки тариқи Қутби шимол кӯтоҳтарин масири парвози мушакҳои болистикии байниқоравӣ ва инчунин бомбафканҳои стратегӣ мегузарад. Аз ин рӯ аҳамияти Арктика рӯшан аст. Амрикоиҳо ба он таваҷҷуҳ ҷалб карда истодаанд, ки мавқеъашонро аз даст доданӣ нестанд",-гуфт Батюк.

"Узр, ки ...меравам": Сарвазири Ҷопон аз мақомаш истеъфо дод

Киштии зериобии Seawolf ва киштиҳои дигари ин лоиҳа Connecticut ва Jimmy Carter нахуст аз соли 1983 чун киштиҳои зериобии ҳастаи бисёрҳадафӣ сохта шуданд, ки бояд такягоҳи асосии нерӯҳои зериобии ИМА мегардиданд. Баъди анҷоми ҷанги сард ва афзоиши хароҷоти лоиҳаю камшавии буҷа нерӯҳои баҳрии ИМА маҷбур шуданд, ки аз нақшаи сохтмони 29 дона чунин киштиҳо даст кашанд. Тавлиди ин киштиҳо баъди истеҳсоли се дона баста шуда, феълан киштиҳои навъи  Seawolf танҳо барои иҷрои вазифаҳои махсус кор бурда мешаванд.