Муҷозоти сармураббии "Истиқлол" барои ишораи таҳқиромез дар бозӣ бо "Истаравшан"

Кумитаи назорату одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Виталий Левченкоро муҷозот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Левченко барои рафтори ғайриахлоқӣ, нодуруст ва ғайриварзишӣ дар бозии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ "Истаравшан" - "Истиқлол", аз ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд".

Баррасии бозии баҳсбарангези дастаҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” дар ФФТ ва муҷозоти довар

Ҳамин тариқ Левченко ҳаққи ширкат аз ду бозии ояндаро бо тимаш надорад ва дар рақобат низ ба шогирдонаш роҳанамоӣ карда наметавонад.

Тибқи навори дар шабакаҳои интернетӣ паҳнгашта сармураббии “Истиқлол” ишораи таҳқиромез мекунад, ки мавриби баҳси ҳаводорони футбол қарор гирифт ва онҳо аз ФФТ дархости муоҷозоти ӯро карда буданд.

Аммо ФФТ расман ҷузъиёти муҷозоти Левченкоро шарҳ надодааст.

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври даври сенздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон 24-уми август тими “Истаравшан”-и Истаравшанр бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Аз зӯрӣ ба довар то рафтори ғайриахлоқӣ: ҷазои 8 бозигар ва як директори бошгоҳ аз сӯи ФФТ

Голи ягонаи “Истаравшан”-ро дар ин бозӣ  Салам Ашӯрмамадов ба ҳадаф расонида,  ду голи “Истиқлол”-ро Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров заданд.