Ихтирои донишгоҳҳои Хуҷанд дар замони коронавирус - акс

Чаҳор устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ихтирои таҷҳизоте комёб шудаанд, ки дар 5 сония кори безараргардонии дастон бо маҳлули антисептикиро ба иҷро мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки таҷҳизоти сохташуда "Санитайзер +" ном дошта, он маҳсули дастранҷи муаллимони донишгоҳ Хушбахт Нуруллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов мебошад.

Ихтирои донишгоҳҳои Хуҷанд дар замони коронавирус - акс
"Таҷҳизот дар 5 сония барои тоза намудани дастон бо истифода аз маҳлули безараргардонӣ (антисептик) кор карда, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аҳамияти хос дорад", - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимнан, таҷҳизоти ихтироъшуда дар бинои факултаи телекомуникатсия ва технологияи иттилотии донишгоҳ насб шуда ва ҳамарӯза аз сӯи омӯзгорону донишҷӯён мавриди истифода қарор дода мешавад.

Идомаи безараргардонӣ дар шаҳри Хуҷанд: дар як шаб 70 тонна маводи кимёӣ истифода шуд

Масъулини ин донишгоҳ азм доранд, ки чунин таҷҳизотро дар ҳамаи биноҳои таълимӣ насб кунанд, то дар шароити таълим дар замони пандемияи коронавирус ҳамагон мақсаднок аз он истифода баранд.

"Санитайзер +" нахустин ихтироъи омӯзгорони ДДХ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҳисоб меравад, ки дар самти беҳдошт ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вируси корона муҳим аст.

Олмон ҳам ба Тоҷикистон кӯмаки тиббӣ дастрас кард

Қаблан ихтирои монанд ба ин таҷҳизот, ки он "Санитайзер”"ном дорад, аз ҷониби Саидҷон Асроров, ҷавони ширкатдори маҳфили иноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуда буд.

Ҳоло сохтаи Саидҷон Асроров ва инак муаллимон Хушбахт Нуруллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов дар биноҳои таълимии ДДҲБСТ ва ДДХ насб шуда ва ҳамарӯза садҳо нафар донишҷӯ ва муаллимон ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба таври фаровон истифода мебаранд.