Барканориҳо дар Рашт: сардорони милисаву БДА ва прокурор аз вазифа сабукдӯш шуданд

Дар ноҳияи Рашт ба як борагӣ се сардори ниҳодҳои милисаву БДА ва прокурратура аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ин хабарро таъйид ё такзиб накард, аммо як манбаъ дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барканории генерал – майор Сафиаллоҳ Азизуллоҳзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Раштро таъйид карда, гуфт, ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ дар ихтиёри шӯъбаи кадрҳо қарор гирифтааст.

Тағйироти кадрӣ: таъйину барканории генералҳо

“Ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, таъйини сардорони раёсати ВКД дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар дар салоҳияти президенти кишвар аст. Генерал – майор Сафиалло Азизулозода 12 декабри соли 2017 сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт таъйин шуда буд.

Бино ба манобеъи дигари маҳаллӣ дар Рашт, Шоҳин Талбакзода, прокурор ва сардори БДА-и ноҳия Бегиҷон Салимов низ аз вазифаҳои худ барканор шудаанд.

“Сабабҳои барканории онҳо маълум нест”, - гуфт манбаъ.

Шоҳин Талбакзода аз соли 2018 прокурор ва Бегиҷон Салимов низ аз соли 2018 сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) – и ноҳияи Рашт буданд.