Вазири корҳои хориҷаи Афғонистон ба Ӯзбекистон меравад

Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон эълон намудааст, ки 28-29 августи соли равон як ҳайати Ҷумҳурии исломии Афғонистон вориди Тошканд хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон, ин ҳайат таҳти раёсати вазири корҳои хориҷаи Афғонистон Ҳаниф Атмар ба Ӯзбекистон меоянд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзнома “Фараж”.

Туркманистон сохти роҳи оҳан аз Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар барномаи ташрифи меҳмонони Афғонистон ба Ӯзбекистон чанд дидору мулоқот пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла, ҳайати афғонӣ таҳти раёсати оқои Атмар дар Ҳукумат, вазорати хориҷа, вазорати сармояҳо ва тиҷорати беруна, ҳамчунин як қатор идораҳои марбута дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, қарор аст, ки дар ҷараёни ин мулоқотҳо тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, барқ, нақлиёту коммуникатсионӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар самту соҳаҳои дигар низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода мешаванд.