Роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон шуд

Дар ин бора қарори вижаи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр ба имзо расида, мақсад аз он "фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ" гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе гарон шудааст. Дар ин бора қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи "ворид намудани тағйироту иловаҳо ба тарофаҳои ҳамлу нақли Душанбе" ба имзо расидааст.

Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба роҳ монда мешавад

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Гуфта мегавад, ин иқдом  бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои  мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт ба роҳ монда шудааст.

Тибқи ин  қарор,  ба  арзиши тарофаҳои "Нимсола" ва "Солона" чунин тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: Тарофаи "Нимсола"-и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ;  Тарофаи "Солона"-и категорияи  хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда мешавад.