Мусоҳибаи калон бо Путин: аз Белорус то дигар масъалаҳои муҳим - пахши мустақим

Шабакаи "Россия 1" бо кишвардори Русия Владимир Путин бобати масоили умдатарини кишвар ва ҷаҳон мусоҳибаи калон анҷом додааст
Sputnik

Мусоҳибаи калонро Сергей Брилев бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин анҷом додааст. Шакли пурраи мусоҳибаро рӯзи 27 - уми август шабакаи "Россия 24" намоиш медиҳад.

Сипосгузории Лукашенко аз Путин: "фикрамон як аст" - видео

Ба гуфтаи сухангӯи кишвардори Русия, Владимир Путин ба масъалаи авзоъ дар Белорусия низ тамаркуз мекунад.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ "тамоси мустақим" бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин  сурат нагирифтааст. Соли гузашта, санаи 20 июн 17 - умин тамоси мустақими Путин бо шаҳрвандони Русия баргузор шуда буд.