Оғози сабқат барои Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футзал: "Муҳоҷир" пирӯз шуд

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар мавсими 2020 бо бозӣ миёни дастаҳои “Муҳоҷир” ва “Доро Инвест” дар марҳилаи муқаддамотӣ оғоз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, “Муҳоҷир”-и Душанбе бар дастаи “Доро Инвест”-и Хуҷанд бо ҳисоби 8:5 ғалаба карда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

СУТ ба КҲФ Суғд 10 адад дастгоҳи оксигенератор тақдим кард

Манбаъ афзуд, ки дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон “Муҳоҷир” дар бозии хонагӣ муқобили пешсафи лигаи касбии футзали кишвар – “Сипар”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

"Вохурӣ 28 август доир хоҳад шуд. Дар бозиҳои дигари даври чорякфинал “Иттифоқ” (Душанбе) бо “Соро компания” (Душанбе), “Истаравшан” (Истаравшан) бо “Формула-55” (Душанбе) ва “Самандар” (Турсунзода) бо “Равшан” (Кӯлоб) вомехӯранд", - тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Дар назар аст, ки бозиҳои нимфинал 9 сентябр, финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал 12 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки имсол ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футзал аз як бозӣ иборат мебошад.