ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар бо медали "Сергей Есенин" мукофотонида шуд.
Интизор меравад, ки ба шоири тоҷик медали "Сергей Есенин"-ро 2-3 октябр дар Хонаи нависандагони Маскав тақдим кунанд.
Моҳи июни соли 2020 Карим Ҳайдар барандаи мукофот гардид ва ба ӯ ҳуқуқи нашри ашъораш дар маҷмааи "Русь моя" дода шуд.
Худи Карим Ҳайдар пештар гуфта буд, ки ин ҷоиза барои вай дар арафаи 60-солагиаш "руйдоди хотирмон"-е гардид.
Афзун бар ин, шоири тоҷик барои гирифтани мукофоти "Наследие" пешбарӣ шудааст, ки маросими ҷоизасупории он охирҳои моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи "Сергей Есенин" аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Русия ба муносибати 125-солагии шоир созмон дода шудааст, ки мукофоти ҷамъиятӣ буда, ба шоирону нависандагони русзабон тақдим мешавад.
Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.
Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.
Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.
Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.
Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.
Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.