Фоҷиа: кӯдаки 2-солаи тоҷик дар Петербург аз ошёнаи 10-ум сарозер шуд

Замоне, ки модари кӯдак дар ошхона буд, ӯ ба назди тиреза омада аз ошёнаи даҳум ба замин сарозер шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Духтарчаи дусолаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург аз ошёнаи 10-ум сарозер шуд, хабар медиҳад нашриёти "Невские новости".

“Мунираро пушти чанбар хоб бурду Мерседес бо 4 нафар сарозер шуд”: видеои садамаи маргбор

Фоҷиа дар маҳаллаи Авиаконструкторов нисфирӯзии 24 август, ба вуқӯъ пайвастааст.

Духтарча ҳамроҳи модараш дар хона будааст.

Замоне, ки модари кӯдак дар ошхона будаст, ӯ ба назди тиреза омада аз ошёнаи даҳум ба замин сарозер шудааст. 

Гуфта мешавад, ки мошини ёрии таъҷилӣ сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шудааст, вале кӯдакро наҷот дода натавонистаанд.

Манбаъ афзуда, ки ҷасади кӯдакро барои муайян кардани сабабҳои ин рухдод ба морг равон кардаанд.

Духтари 13-солаи тоҷик дар Санкт-Петербург аз тиреза сарозер шуд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд.

Он замон, духтари 13-солаи тоҷик, аз ошёнаи 6-ум сарозер шуд, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд.