Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Авҷи бемории COVID - 19 дар макотиби ИМА, Олмон ва Исроил

Аллакай дар 41 мактаби Олмон толибилмон бемор шуда ва ба карантин фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати Исроил ва ИМА низ аз авҷи коронавирус дар мактабҳо мегӯянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар мактабҳои ИМА, Олмон ва Исроил авҷи бемории COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад BBC.

Аз ҷумла чунин ахбор аз Олмон расидааст. Ду ҳафта мешавад, ки аксари макотиби Олмон ба таҳсил оғоз кардаанд ва ҳукумати ин кишвар аллакай аз авҷи беморӣ адр 41 дабистони Берлин хабар медиҳад. 

Рӯзи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки синну соли толибилмони беморшуда гуногун буда, миёни маризон ҳам синфҳои поёнӣ ва ҳам болоӣ дучор мешаванд. Нашриёт қайд мекунад, ки садҳо омӯзгор ва талаба ба карантин фиристода шудаанд.

Ҳукуматҳои ИМА ва Исроил низ аз авҷи бемории коронавируси навъи COVID - 19 дар мактабҳо хабар медиҳанд.

Дар Фаронса, ки соли нави хониш пас аз як ҳафта оғоз мешавад, барои синфҳои 11 пӯшидани ниқоб ҳатмӣ гуфта мешавад.

То имрӯз дар саросари ҷаҳон 23,6 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 15,3 миллион кас аз ин беморӣ шифо ёфт ва 813 ҳазор кас қурбони ин вабои аср гашт.

Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

Дар Тоҷикистон соли нави хониш аз 1 сентябр оғоз мегардад, вале дарс дар дабистонҳои кишвар аз 17 август шурӯъ шуд.

Бар пояи хабари Вазорати маорифи Тоҷикистон, хонандагон то 1 сентябр барномаи баҳориро аз худ мекунанд.