Шаҳодатномаи ронандагӣ – василаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб

Ҷамъияти “Рушди роҳнавард” дар дар шаҳри Кӯлоб довталабони хизмати аскариро баъди омӯзиш бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Зафар Табаров, роҳбари ҷамъияти мазкур изҳор дошт, ки айни ҳол зиёда аз 3 ҳазору 410 нафар довталаб ба таълими дарсҳои ронандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Доктор, иқтисодчӣ ва забондон: даъвогари навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон кист?

“Ҷамъияти “Рушди роҳнавард” бо 27 мактаби ронандагии минтақаи  Кӯлоб шартнома дошта,  мувофиқи он амал менамояд”, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки ба хотири  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои  мусаллаҳ ва таъмин намудани онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ 1 ҳазору 690 нафар  даъватшавандагон  бо дараҷаҳои “С” ва “С -1” ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Инчунин барои ҳавасмандгардонӣ онҳо  аз ҷониби  ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дараҷаи “Б” низ таъмин карда мешаванд.

Таъкид шудааст, ки ҷамъият дорои 4 синфхона  буда, бо тамоми лавозимоти дарсӣ таъмин мебошанд.

“Барои аз санҷиш гузаштани довталабон 7 мошини сабукрав, 2 адад мототсикл, 2 адад автобус ва 4 адад  мошини  боркаш мавҷуданд. Дар онҳо довталабонро бо қисмҳои эҳтиётии нақлиёт шинос намуда, тарзи рондани нақлиётро меомӯзонанд”, - омадааст дар иттилоия.