Бозӣ карданд, аммо ғолиб наомаданд: анҷоми ду бозии қаҳрамонии Тоҷикистон бидуни ғалаба

Ду бозии даври сенздаҳуми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни лигаи олӣ бидуни ғолибият анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ду бозии даври сенздаҳуми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Баъди шикасти "Интер": "Севилия" боз қаҳрамони Лигаи Аврупо гардид

Ба иттилои манбаъ, дар ҳар ду бозӣ ғолиб муайян нагардид. "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ тими "Локомотив-Помир"-ро қабул кард. Бозӣ бе задани гол хотима ёфт – 0:0. Бозингари роҳиоҳанчиён Сиёвуш Асроров пеналтиро ба нафъи дастааш иҷро карда натавонист.

Бозии дигар миёни дастаҳои "Куктош" – "Душанбе-83" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Бозингари тими меҳмон Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 14 ҳисобро кушод. Холмурод Назаров дар дақиқаи  44 голи ҷавобӣ зад - 1:1. Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61 "Куктош"-ро ба пеш баровард - 2:1, вале душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Аъзам Муродов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар карданд - 2:2.

Давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд: киҳо ба майдон мебароянд?

Се бозии дигаи даври сенздаҳуми Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 24 август, доир мешаванд."Хуҷанд" дар майдони худ "Файзканд"-ро қабул мекунад, "Истиқлол" ба меҳмонии "Истаравшан" меравад, "Хатлон" дар Бохтар бо КМВА вомехуранд.