Афзоиши фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат марги як дардманди дигарро тасдиқ кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта боз як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон марги як нафари дигар аз маризии коронавирус тасдиқ шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта боз як дардманди дигар ҷон бохт ва теъдоди умумии қурбониён ба 67 нафар расид.

Як тоҷикистонии дигар аз COVID-19 фавтид: омори нави Вазорати тандурустӣ

Зимнан, давоми як рӯзи охир, боз 35 мавриди ҷадиди сироят шудан ба ин маризӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 24 август шумораи мубталоёни маризии коронавирус  ба 8346 нафар расид.

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 7142 нафар ё худ 85,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

"Шабонарӯзи охир 81 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои зарурӣ андешида мешавад.