Оғози гуфтугӯҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Даври ҷадиди гуфтугӯҳои сиёсии муовинони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба сурати видеоконферентсия баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Зоҳир Саидзода ва Мурод Сидиқов муовини вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин нишасти видеоӣ дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Кумаки навбатии Қазоқистон ба Тоҷикистон: дастгоҳҳои нафасдиҳӣ медиҳад

Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон бо кумаки Подшоҳии Норвегия сурат гирифт

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ду мақом ҳамчунин бар алоқамандӣ ва омодагӣ ба ҳамкории роҳбурдӣ байни Тоҷикситон ва Қазоқистон таъкид карданд.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Муовинони вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо шуйюи Ковид-19 ва таомуллоти мутақобил дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро низ баррасӣ карданд.