Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт замони анҷоми пандемияи коронавирусро гуфт

Директори генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейюс замони поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейюс рӯзи 21 август ба хабарнигорон гуфт, ки пандемияи коронавирус метавонад дар ҷаҳон тақрибан пас аз ду сол ба поён расад

Ҳушдори СҶБ: дар соли нави хониш мактабҳо метавонанд манбаи сирояти COVID-19 шаванд

Ӯ аз Ҳамзамон, пандемияи зукоми испанӣ дар соли 1918, ки миллионҳо нафарро кушта буд,  ёдовар шуда гуфт, он низ ду сол давом карда буд.

"Мо осебҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ, шиддатнокии пайвастҳои инсонӣ дорем, аммо технологияҳои беҳтар низ бартарӣ доранд, бинобар ин умедворем, ки ин пандемияро дар тӯли камтар аз ду сол хотима диҳем" гуфт роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Ӯ гуф, бо истифода аз имконоти мавҷуда, технология ва воксина мо метавонем, назар ба зукоми соли 1918 кӯтоҳтар хотима диҳем.

Замони содироти воксинаи зидди коронавирусро дар Русия гуфтанд

То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 22,5 миллион ҳолати сирояти коронавирус муайян карда шуда, дар пайи он 800 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.

Дар тоҷикистон бошад, бар пояи оморҳои ахир 8241 нафар гирифтори беморӣ гашата, аз он 66 нафар фавтидаанд.

СҶБ ҳаҷми хисороти коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонро эълон кард

Ёдовар мешавем, ки бемории коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар Чин пайдо гашта, баъдан дар ҷаҳон паҳн шуд.

Созмони қаҳонии беҳдошт 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда.