ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳайати дастаро барои бозии дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон эълом кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев, барои рақобати дӯстона 24 бозигарро ҷамъ овардааст.
Ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дарвозабонҳо Шоҳрух Киргизбоев аз “Локомотив-Помир” ва Қурбоналӣ Бобоев аз “Куктош” шомиланд.
Ҳамлагарони тими миллӣ бозигарони “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев, инчунин се бозигари дастаи “Хуҷанд” Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров ва Тоҳир Малодустов интихоб шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳимоятгарон ва нимҳимоятгарон футболбозони дастаҳои мисоли “Истиқлол”, “Локомотив-Помир”, “Истаравшан”, “Хатлон”, “Файзканд”, “Душанбе-83” ва инчунин легионери Ҳиндустон азтими “Мохун Баган” мебошанд.
Ҳамчунин ҳимоятгари “Бунёдкор” -и Тошканд Давронҷон Эргашев низ ба тими миллии дар Тошканд пайваст хоҳад шуд.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2020-ро ҷамъбаст мекунад
Дар ҳамин ҳол, дарвозабони "Истиқлол" Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо тими миллии Малайзия корти сурх гирифтааст, дар бозӣ тибқи муқаррароти FIFA ширкат карда наметавонад.
Қарордоди ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 18 карата қаҳрамони Молдова
Ҳайати мураббиён бо роҳбарии Усмон Тошев омодагӣ ба бозии 3 сентябр дар Тошканд пешбинишударо 25 август оғоз мекунанд.