Баъди шикасти "Интер": "Севилия" боз қаҳрамони Лигаи Аврупо гардид

Дастаи “Севилия” дар бозии финалии Лигаи Аврупо тими “Интер”-ро шикаст дода, дигарбора унвони қаҳрамониро ба даст овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бозии ин тимҳо дар майдони “Райн-Энерги”-и шаҳри Кёлни Олмон шоми гузашта баргузор шуда.

Бозии Тоҷикистон - Ӯзбекистон: ҳайати тими миллӣ маълум шуд

Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими “Севиля” хотима ёфт.

Голи нахустини дидорро Ромелу Лукаку бозигари “Интер”дар дақиқаи 5-уми рақобат тавассути пеналти ба ҳадаф расонид

Дар дақиқаи 12-уми бозӣ Люк де Йонг бозигари “Севиля” голи зебоеро вориди дарвозаи тими итолиёвӣ кард. Ӯ ҳамзамон голи дуввумашро дар дақиқаи 33 ба ҳадаф расонид.

Диего Годин дар дақиқаи 35 ҳисби бозиро баробар кард, аммо нуқтаи ниҳоии бозии финалиро голи  Диего Карлос гузошт.

Дастоварди тими футболи “Севиля” дар Лигаи Аврупо нотакрор аст, зеро тим то ин замон шаш маротиба, тайи созҳои  2005/2006, 2006/2007, 2013/2014, 2014/2015, 2015/2016 ва 2019/2020 ин ҷоизаро ба даст овард.

Сармураббии даста ҳол Хулен Лопетеги буда 20 бозии  ахирашро бидуни бохт гузаронидааст.