Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қирғизистон марзҳояшро барои 31 кишвар боз кард: Тоҷикистон ҳам дар рӯйхат ҳаст?

Қайд мешавад дар кишваҳое, ки ба шаҳрвандонашон иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода шудааст, вазъи COVID - 19 ба эътидол даромадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон оид ба мубориза бар зидди коронавирус, рӯйхати 31 кишварро нашр кардааст.

Ба шаҳрвандони ҳамаи ин давлатҳо иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба ситоди ҷумҳуриявӣ.

Тоҷикистон миёни ин кишварҳо нест. Қирғизистон марзҳояшро барои шаҳрвандони Русия, Туркия, АМА ва дигар давлатҳо кушодааст:

  • Русия;
  • Гурҷистон;
  • Озарбойҷон;
  • Арманистон;
  • Белорус;
  • Қазоқистон;
  • Туркманистон;
  • Белгия;
  • Австрия;
  • Бритониё;
  • Олмон;
  • Ирландия;
  • Исландия;
  • Итолиё;
  • Латвия;
  • Литва;
  • Лихтенштейн;
  • Люксембург;
  • Португалия;
  • Туркия;
  • Швейтсария;
  • Шветсия;
  • Қатар;
  • АМА;
  • Чин;
  • Малайзия;
  • Куреи Ҷанубӣ;
  • Покистон;
  • Словения;
  • Қувайт;
  • Ҷопон.

Қайд мешавад, ки дар кишварҳои дар боло зикршуда, вазъияти ҳамагирии коронавирус ба эътидол даромадааст.

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

Жээнбеков аз аҳамияти аламатгузории марз бо Тоҷикистон гуфт

Пештар президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири Тоҷикистон Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ баргузор карду аз аҳамияти аломатгузорӣ дар марз гуфт.

Дар ин суҳбат ҳамчунин меъёрҳои таъмини амнияти марзи кишвар дар шароити пандемияи коронавирус ва рушди ҳамкориҳои марзӣ вамасоили рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бодканд баррасӣ гардиданд.

Зиёда аз ин хабар дода мешавад, ки ба наздикӣ муовинони сарвазири ду ҷониб - Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард.