Қарордоди ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 18 карата қаҳрамони Молдова

Шаҳром Самиев, ҳамлагари мунтахаби ҷавонон ва миллии футболи Тоҷикистон собиқаи варзишияшро дар чемпионати Молдова идома медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон футбболбози 19-солаи тоҷик дастаи “Шериф”-и Молдова қарордод бастааст.

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

Ба иттилои манбаъ, пас аз имзои қарордод Самиев то охири сол ба ҳайати дастаи “Динамо-Авто”-и Тираспол ба иҷора дода шудааст.

Манбаъ мегӯяд,  пас аз ҳашт даври мусобиқоти қаҳрамонии Молдова, клуби нави Шаҳром Самиев бо 10 имтиёз дар ҷои панҷум қарор дорад.

Бозгашти дубораи Аҳтам Назаров ба "Истиқлол"

Дастаи “Шериф” аз тимҳои машҳури Молдова буда 18 маротиба унвони қаҳрамонии ин кишварро ба даст овардааст.

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

Тим 4 апрели соли 1997 таъсис ёфтааст, дар Лигаи миллии Молдова бозӣ карда, сармураббии он  Зоран Зекич, мутахассиси хорватӣ мебошад.