Мақоми 93-юми Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи сироятёбӣ ба коронавирус

Таҳлилгарон маълумоти тоза дар бораи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ҷамъоварӣ намуда, рӯйхати кишварҳоро аз рӯи шумораи ҳолатҳои ошкоршуда навсозӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар рейтинги портали таҳлилии Worldometers.info, ки омори тоза дар бораи паҳншавии коронавирус ҷамъоварӣ кардааст, зинаи  93-юмро соҳиб шудааст.

Ҳушдори СҶБ: дар соли нави хониш мактабҳо метавонанд манбаи сирояти COVID-19 шаванд

Гузоришгарон рӯйхати кишварҳои аз рӯйи нишондиҳандаҳои шумораи умумии ҳолатҳои COVID-19, шумораи фавтидагон ва барқароршавӣ, сироятҳои нав (дар рӯзи охир), инчунин фоизи беморон ба миллион нафар, таҳия кардаанд.

Сегонаи аввали рӯйхат Иёлоти Муттаҳида, Бразилия ва Ҳиндустон то ҳол кишварҳое мебошанд, ки шумораи аз ҳама зиёдтари ин ҳодисаҳо ошкор карда шудааст.

СҶБ ҳаҷми хисороти коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонро эълон кард

Қазоқистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавқеи баландтарин қарор дорад: ҷумҳурӣ дар рейтинги паҳншавии коронавирус бо зиёда аз сад ҳазор ҳолат ҷои 26-умро гирифтааст.

Ҳашт сол пеш: версияи нави пайдоиши коронавирус

Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мутаносибан дар ҷойҳои 53-ум ва 58-ум қарор доранд.