ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд гуфтааст, ба далели ошкоршавии камбудиҳои зиёд, дирӯз фаъолияти баъзе фурӯшгоҳҳои бузург муваққатан боз дошта шуд.
“Дар мағозаҳои бузурги озуқаворӣ то ҳол риоя нашудани оддитарин талаботи беҳдоштии мизоҷон, аз ҷумла набудани монеаи дизенфексионӣ, насанҷидани табъи бадан, безарагардонии дастон, сабаду аробачаҳои ҷойгиркунии харид мушоҳида шуданд. Аз ин хотир то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби гурӯҳи корӣ фаъолияти се маркази савдо муваққатан қатъ карда шуд”, хабар додааст Юсуфзод.
Котиби матбуоти Хуҷанд аз бурдани номи мағозаҳо худдорӣ варзид, вале афзуд, ки ҳолатҳои бидуни дастпӯшак фаъолият намудани фурӯшандаҳо, бениқоб ворид шудани мизоҷон, аз ҷумлаи камбудиҳое будаанд, ки дар бузургтарин мағозаҳои шаҳр ошкор гардидааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ, кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд, фаъолияти се мағозаи калонро муваққатан баста ва нисбати 15 корманди онҳо, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Зимнан дар шаҳри Хуҷанд “Оазис”, “Асал”, “Анис”, “Амид”, ва “Доро” аз бузургтарин мағозаҳои озуқаворӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳушдори раиси Хуҷанд: бозорҳо дубора баста мешаванд, агар...
“Кормандони марказҳои савдо бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд, зеро як омили сироятёбӣ ба садҳо мизоҷон ва худи онҳо эҳтимоли таҳдид намуданро дошта метавонад. Фаромӯш насозем, ки сатҳи хатар ҳанӯз ҳам баланд аст ва риоя нашудани талаботҳои пешбинишуда, ба муташанниҷ гардидани хуруҷи мавҷи дуюми беморӣ боис хоҳад шуд”, таъкид намудааст Юсуфзод.