ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Барномаи миёнамуҳлати рушди саноати дорусозӣ ва тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад, дастур дод Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони тиб.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки маблағи умумии воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ соли 2019 -ум 531 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 -ум 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
То ба имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, таъкид кард раисиҷумҳур.
Ӯ зикр намуд, ки номгӯи дорувориҳои дар кишвар истеҳсолшаванда афзуда, аз 88 номгӯйи соли 2015 дар соли 2020 то 404 номгӯй расидааст, вале ин ҳоло ҳам кам мебошад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Вале то ба имрӯз истифода аз ин неъматҳои табиӣ, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахш дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва барои ислоҳи вазъ дастур дод.