ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон, тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, қурби евро ва доллар нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафт.
Тибқи гузориши расмии БМТ, имрӯз, 18 август, қурби евро якбора боло рафт, ба баландтарин нишондиҳанда то ба ҳол, расид.
Арзи пули аврупоӣ дар тӯли як шабонарӯз аз 12.1950 то 12.2325 сомонӣ барои як евро афзоиш ёфт.
Дар овезаҳои бонкҳои кишвар хариду фурӯши 1 евро аз 12 400 то 12 800 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллари амрикоӣ низ инчунин дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Имрӯз барои як доллар 10.3176 сомонӣ медиҳанд, дар ҳоле ки як рӯз қабл 10.3146 буд.
Рубли русӣ бошад тӯли чанд ҳафтаи ахир арзиши муътадили 140 сомонӣ барои ҳазор рублро нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем қаблан иқтисоддонҳои тоҷик дар такя ба дурнамои расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 гуфтанд, дар се соли оянда коҳишёбии қурби солонаи пули миллӣ 3% дар назар аст.
Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод
Ҳамин тавр, ба гуфтаи коршиносон, то охири соли 2020, қурби расмӣ то 10,69 сомонӣ барои як доллар боло хоҳад рафт.