Баъди шикасти ҳангомавӣ: "Барселона" сармураббияшро барканор кард

Тими футболи “Барселона”-и Испания пас аз шикасти ҳангомавӣ аз тими “Бавария”-и Олмон сармураббияш Кике Сетенро аз мақомаш барканор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  Бозии “Барселона” ва “Бавария”дар даври чорякниҳоии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо санаи 14 август доир гашта, бо ҳисоби 2:8 хотима ёфт.

Қарордоди ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 18 карата қаҳрамони Молдова

Тибқи иттилои сомонаи бошгоҳи “Барселона” тасмими барканории Кике Сетен аз сӯи Шӯрои директорони даста гирифта шуд.

"Ин аввалин қарор дар доираи як сохтори васеътари бозсозии дастаи асосӣ мебошад, ки байни котиботи феълии техникӣ ва мураббии нав мувофиқа карда мешавад ва дар рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд", гуфта мешавад дар изҳороти нашркардаи тим.

Сетен моҳи январи имсол роҳбарии “Барселона”-ро бар ӯҳда гирифт. Қаблан ӯ ҳамзамон тимҳои дигари испанӣ, дастаи миллии Гвинея ва дастаи футболи соҳилии Русияро тамрин додааст.

Бино ба тахмини расонаҳои испанӣ номзади эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббигии бошгоҳи шинохтаи ҷаҳон мутахассиси голандӣ Роналд Коумен аст.

Ба иттилои расонаҳо варзишии ҷаҳон, директори иҷроияи тими каталониҳо Оскар Грау барои бастани шартнома бо Коуман ба Амстердам парвоз кард. Пас аз бозгашт ба Испания, ӯро дар фурудгоҳ рӯзноманигорон пешвоз гирифта, аз ӯ дар бораи мураббии эҳтимолии нав пурсидаанд. Грау гуфтааст, "Бале, мо бо Коуман гуфтугӯ кардем."

Хотиррасон мекунем, ки тими "Барселона" то охири мавсими имсола натавонист ҷоизаро ба даст орад.