Пас аз карантини панҷмоҳа: дар Тошканд метро ба кор даромад - навор

Пас аз панҷ моҳи бекорӣ метрои пойтахти Ӯзбекистон боз ба қабули мусофирон дар се шохаи асосӣ омода аст. Ба шарте, ки мусофирон талаботҳои вижаро риоя кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тавре расонаҳои Ӯзбекистон хабар медиҳанд, дар Тошканд  пас аз 5 моҳи танаффус дар пайи пандемияи коронвирус, метро ба кор даромад. 

Дар ҳамин ҳол, мусофирони зеризаминии Тошкандро ҳангоми вуруд ба метро як қатор тартиботҳо эҳтиётӣ интизор аст.

Чунончи, дар ҳамаи даромадгоҳҳои тепловизорҳои мобилии махсус насб шудааст, ки ҳарорати баданро месанҷад. Агар нафаре таб дошта бошад, ҳарораташ аз 37 дараҷа боло бошад, ба қатор роҳ намедиҳанд.

Афзун бар ин, барои риоя кардани масофа дар метро дар курсиҳои он нишонаҳои махсус часпонида шудааст. Дар зери пои мусофирон низ аломати роҳнамоӣ часпонида шудааст.

Аз 17 август дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёт байни шаҳрҳо барқарор мешавад
Таъкид мешавад, ки қаторҳо ба се самти асосӣ - Чиланзор, Ӯзбекистон ва Юнусобод раҳсипор мешаванд.Дар ҳамин ҳол, дар шохаи охирон истгоҳҳои нав кор намекунанд.

Ёдрас мешавем, дар Ӯзбекистон аз имрӯз сар карда як қатор маҳдудиятҳои каратинӣ бардошта мешавад. 

Чунончи, масҷидҳо ва дигар муассисаҳои динӣ боз мешаванд, аммо бо риояи тартиботи махсус.