ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Рақобати муваффақонаи сиёсии байни давлатҳо аз дараҷаи таъсири фарҳангӣ ва забонии онҳо ба кишварҳои дигар муайян карда мешавад, қайд кард раиси ҳизби "Русияи боадолат" ("Справедливая Россия") дар изҳороти худ.
Вакили Русия қайд кард, ки дастгирии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мисоли стратегияи сиёсати босалоҳияти хориҷӣ мебошад.
Миронов илова намуд, ки омӯзиши забони русӣ ва ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ барои ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судманди кишварҳоро тавсеа медиҳад.
"Таъсири фарҳангии Русия ба ҷавонони давлатҳои Иттифоқ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Вазъият бояд ба таври куллӣ тағир дода шавад."
Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии забони русӣ ва мавлуди Пушкин дар Душанбе - акс
Миронов илова намуд, ки агар мо ба ин ҷанба эътибор надиҳем, дар оянда Русия метавонад бо мавҷи руссофобия дар байни ҷавонони хориҷӣ дучор ояд.