Ҳабиб иқрор шуд, ки пас аз марги падараш дар бораи анҷоми карерааш фикр мекард

Қаҳрамони UFC Нурмуҳаммадов гуфт, ки фикр кардан дар бораи падараш ба ӯ ангезаву қувваи нав медиҳад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Ҳабиб Нурмуҳаммадов, дорандаи камарбанди қаҳрамони чемпионати мутлақи (UFC) дар вазни сабук, иқрор шуд, ки пас аз марги падараш дар бораи хотимаи касби варзишияш фикр мекард.

Дар бораи касбу нақшаҳои оянда: нишасти хабарии Ҳабиб Нурмуҳаммадов - пахши мустақим

Размикори доғистонӣ ин нуктаро ахиран зимни як нишати хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор доштааст.

“Ҳар гуна фикрҳо гуногун дар бораи хотимаи собиқаи варзишӣ омадан, аммо ман дар пеш муҳориба дорам. Ман ба қарибӣ 32-сола мешавам ва аллакай собиқадори ин варзишам, зиёда аз 8 сол аст дар UFC ҳастам. Ҳоло мехоҳам рақобат кунам, бо чизе банд бошам”,-гуфт, размикор.

Қаҳрамони UFC қайд кард, ки машқ ба ӯ кӯмак мекунад, ки аз фткрҳо дур шавад.

Расман, санаи баргузории муҳорибаи Ҳабиб ва Гэтҷи дақиқ шуд

Нурмуҳаммадов ҳамчунин илова намуд, ки фикр кардан дар бораи падараш ба ӯ ангезаву қувваи нав медиҳад.

"Шояд ин ҳиссиёт маро ба сатҳи нав бардорад, ба ман қувват бахшад".