ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавируси навъи COVID - 19 дар Ӯзбекистон қарор карда, ки аз 17 август ҳаракати нақлиёти миёни шаҳрҳо барқарор карда шавад.
Читпаҳо дар автовокзали шаҳри Тошканд ва портали Uztrans.uz. ба фурӯш гузошта шудаанд.
Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд
Дар Вазорати нақлиёти кишвар таъкид карданд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар боз вазнин шавад, реҷаи ҳаракати нақлиёт метавонад, тағйир ёбад.
Ёдовар мешавем, ки аз 17 август дар Ӯзбекистон ҳаракати ҳамагуна нақлиёт барқарор мешавад ва ҳамчунин метрои шаҳри Тошканд низ ба кор оғоз мекунад.
Бар пояи гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон дар кишвар 34 528 ҳолати гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.
Дар ҳоли ҳозир 4975 кас дар беморхонаҳои гуногуни Ӯзбекистон таҳти назорати табибион қарор доранд.
То 15 август аз маризии коронавирус дар Ӯзбекистон 29 328 кас шифо ёфт.