Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ, шумораи гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 14 август ба 7ҳазору 989  нафар расид.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 6777 нафар ё худ 84,8%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 63 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 89 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 36 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар-тасвирбаён

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.