Муноқишаи оилавӣ ба марг анҷомид: сокини Чимтеппа ҳамсари 30 - солаашро кушт

Зани 30 - сола аснои муноқишаи оилавӣ аз дасти ҳамсари худ сахт ҷароҳатдор шуд ва дар беморхона ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кормандони милитсияи сокини 34 - солаи  деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавони худ муттаҳам дониста мешавад.

Куштор дар бозори марказии Кӯлоб: боздошти ҷавоне ки марди 43 соларо 15 корд зад

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 12 - уми август, тахминан соати 23:00 рух додааст.

Гуфта мешавад, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ сар задааст.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

"Номбурда дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари худ зани 30-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба рони пойи росташ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.