Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мушкилоти системаи судӣ ва додситонии ҷумҳурӣ ишора кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз як зумра тағйироти кадрӣ бо прокурорҳо ва судяҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда гуфтугӯ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлат.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон як қатор масъулинро ҷо ба ҷо кард

Дар суҳбат бо кадрҳои тозатаъйин Раҳмон қайд кардааст, ки мансабдорони давлатӣ бояд қонунро қатъиян риоя кунанд ва барои ҷомеа намуна бошанд.

“Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед” - таъкид намудааст президент.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо сардори Суди Олӣ Шоҳиён Шермуҳаммад ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфтугӯ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ доданд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан пас аз чунин дастур аз ҷониби президент ба Хадамоти гумрук, ин ниҳод фавран аттестатсияи пурраи кормандонро гузаронида, пас аз он даҳҳо кормандашро барканор кард.