ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Муовини сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 8 август аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Бохтар, Кӯшониён ва Вахш дидан намуда бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир кардааст.
Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз мактаби рақами 42 дидан карда, бо ҷараёни омодагии ин мактаб ба соли нави ошно шудааст. Масъулини муассиса иттилоъ доданд, ки дар назди мактаб имсол бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ҳамзамон дар паҳлуи мактаб бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки барои мактаббачагон ва ҳайати омӯзгорон хизмат мекунад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Муовини Сарвазир таъкид карда, ки дар шароити пандемия мактаб низ яке аз мавзеъҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии COVID-2019 тамоми чораҳои беҳдоштиро биандешанд. Аз ҷумла, пӯшидани ниқоб ва ҳар лаҳза шустани дастонро ба хонандагон таъкиду ташвиқ намоянд.
Дар шаҳри Бохтар Исматуллозода бо фаъолияти фабрикаи ресандагии ҶСШК «Ресанда», ки ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос шудааст. Инчунин муовини сарвазир бо як коргоҳи дӯзандагии шаҳр ва омодагии занони бохтарӣ ба фасли зимистон шинос шудааст.
Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт
Дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Ширин Исматуллозода бо табибону беморон ва наздикони онҳо суҳбат карда, ба масъулини беморхона таъкид намудааст, ки тамоми имкониятҳои худро ба хотири саломатии мардум истифода кунанд.
Дар ноҳияи Кӯшониён муовини сарвазир бо вазъи беморхонаи марказии ноҳия ва фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» шинос шудааст. Бино ба иттилои масъулин, соли равон коргоҳ бо чанд мактаби маркази ноҳия шартнома баста, онҳоро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд.
Исматуллозода ҳамчунин аз шуъбаи қабул ва сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дидан карда, бо кормандони ин муассиса оид ба пешгирии COVID-2019 ва сари вақт дарёфт кардану ба табобат фаро гирифтани беморон суҳбат кардааст.
Пас аз боздиду шиносоӣ бо муаасисаҳои таълимию тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр, бо иштироки Ширин Исматуллозода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир гардид.
Ширин Исматуллозода зикр намудааст, ки дар пешгирии COVID-19 аз рӯзи аввали бақайдгирияш сарҷамъона тавонистем шиддати онро дар ҷумҳурӣ паст кунем. Бо дастуру супоришҳои Президент тамоми сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ кор карданд.
"Мутаассифона, имрӯз як навъ хотирҷамъ шудаем, ки ин хатост. Моро зарур аст, ки боз ҳам мисли ҳамон рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ сарҷамъона корро ба роҳ монем. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем. Фаъолияти муаасисаҳои кумаки аввалияро тақвият бахшида, гашти хона ба хонаро аз нав эҳё карда, дар пайдо намудану сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон кумак намоем", — гуфт Ширин Исматуллозода.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошта, ки дар арафаи соли нави хониш зарур аст, ки корро бо мактабҳо пурзӯр карда, хонандагонро бо ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ таъмин намоем.