ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Манбаъ мегӯяд, номбурда, санаи 7-уми августи соли 2020, тахминан соати 11:00 дар ҳудуди шаҳри Конибодом барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 51-солаи сокини ноҳияи Варзобро бо зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри мазкур шинос кардааст.
Боздошти марди 37 солаи пойтахт барои ташкили фоҳишахона: 300 сомон мукофотпулӣ гирифтааст
Гуфта мешавад, боздоштшуда барои мусоидат ба алоқаи ҷинсии ду нафар аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст
ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.