Туркманистон таътили марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳоро тамдид кард

Давлати Туркманистон, ки вуҷуди вируси корона дар ин кишварро ҳамчунон инкор мекунад, таътили фурушгоҳҳо, марказҳои тафреҳӣ ва ресторанҳоро дар шаҳри «Ишқобод» тамдид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино бар иттилои "Парс тудэй", давлати Туркманистон чанде пеш ресторанҳо, марказҳои тиҷорӣ ва идораҳои хадамот дар шаҳри «Иишқобод»-ро барои безараргардонӣ дар муқобили шуйюи вируси корона таътил кард.

ТУТ ҳолатҳои "пневмония" -ро дар Туркманистон мустақилона тафтиш мекунад
Дар ҳоле, ки қарор буд марокизи тиҷорӣ ва ресторанҳо пас аз 10 рӯз аз оғози таътил боз шаванд, аммо давлат ҳамчунон иҷозаи фаъолияти дубора ба ин марокизро надода ва дар ин замина низ ҳеҷгуна иттилоърасоние нашудааст.

Созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ низ таътил ва коргарон ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд ва барои ин шаҳрвандон низ имконоти тести корона фароҳам шудааст.

Вазорати беҳдошти Туркманистон ҳам аз мардум хостааст то аз ниқобак истифода ва фосилаи иҷтимоиро риоят кунанд.

Мо гунаҳгор нестем: эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

Иқдомоти мушобеҳи карантини умумӣ дар Туркманистон пас аз боздиди коршиносони Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ иҷро шуд.

Ҳамзамон расонаҳои минтақа аз афзоиши омори маргу мири бархоста аз бемории илтиҳоби шуш дар Туркманистон хабар медиҳанд.