Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.
Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут
Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.
Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.
Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.
Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта вазъияти фавқулода эълон шудааст.