Кам шуд, аммо ҳанӯз ҳаст: бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

Сокинони шаҳри Хуҷанд мегуянд, ҳанӯз мушкили олудаги ҳаво бартараф нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Хуҷанд сарчашмаи паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳрро гуфта буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои соҳили рости руди Сир дар Хуҷанд мегуянд, то ба ҳол мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳр ҷой дорад.

Муҳаммадзода гуфт бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад

Нуриддин Шарифов як сокини маҳаллаи 17-уми Хуҷанд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми вазидани шамол бӯи бад ба кӯчаву манзили онҳо паҳн мешавад.

“Дар гармои тобистон ҳама вазидани шамолро интизор мешаванд, аммо аз вазидани шамол мо дилгир мешавем, зеро дар вақти шамоли форам бӯи бад маҳаллаи моро фаро мегирад”, гуфт ӯ.

Як сокини дигари Хуҷанд аз маҳаллаи 8-ум ҳам зикр кард, ки шому саҳар ба ҳангоми вазидани шамол бӯю тафи бад ҳавои хонаю дари онҳоро олуда месозад. Ин сокини Хуҷанд гуфт, ин мушкил чанд вақт ба ин тараф ҳалношуда боқӣ мондааст.

“Паҳншавии бӯи бад дар шаҳр, назар ба як моҳи пеш нисбатан камтар шудааст, аммо ҳанӯз пурра бартараф нашудааст”, таъкид кард, ҳамсуҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми июл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ манбаъи паҳншавии бӯи ғализ дар маҳаллаҳои Хуҷандро ошкор кард.

Муҳаммадзода таъкид кард, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз ҳисоби порӯи мурғхонаҳое паҳн мешавад, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сохта шудаанд.

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...

"Паҳни бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд он замон гуфта буд, ки унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то ин масъаларо ба баррасӣ гиранд.

Аммо бо гузашти қариб як моҳ ҳамоно паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд бартараф нашудааст ва сокинон аз ин вазъ изҳори нигаронӣ мекунанд. Воқеан порӯи мурғхонаҳо ҳавои шаҳрро олуда мекунад, ё чизи дигар? Оё бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?