Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Тоҷикистон 9,4 ҳазор гектарро барои сохтмони лӯлаи газ ба Чин ҷудо кард

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.