Шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам ба терроризм аз Албания ба Олмон истирдод шуд

Додситонии кулли Албания як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Олмон муттаҳам ба мушорикат дар фаъолитҳои террористӣ аст рӯзи чаҳоруми август ба Берлин таҳвил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба нақл аз торнамои маҷаллаи олмонии Шпигел, мақомоти қазоии Олмон эълом кардаанд, ки Комрон Зуҳуров 24 сола муттаҳам ба тадоруки ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламрави Олмон мебошад, ки гуруҳи террористии ДОИШ барномарезӣ карда буд, иттилоъ радиои Садои Хуросон.

Туркия 21 тоҷикистонии узви ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод мекунад

Манобеи қазоии Албания гуфтаанд, ки истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Олмон бар асоси дархости полиси байналмиллалӣ (Интерпол) анҷом шудааст.

Қаблан полиси Олмон панҷ тоҷикро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ДОИШ ва ҳамдастӣ барои тадоруки ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламрави Олмон боздошт карда буд, ки истирдоди Комрон Зуҳуров низ дар чорчуби ин парванда анҷом шуд.

Бо ин ҳол Аслон Додоҷонӣ- вакили мудофеи Комрон Зуҳуров бо радди иддаои мақомоти қазоии Олмон гуфтааст, ки мувакилаш барои дидор бо бастагони хеш, ки муқими Албания ҳастанд, дар моҳи феврали 2020 ба ин кишвар омада буд ва ҳеҷ иртиботе бо гуруҳи террористии ДОИШ надорад.