Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Милисаи тоҷик дар "ҷанг" – и вируси корона: 7 нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари гирифторӣ ба вируси корона 7 корманди милиса ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар шифо ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин маризии ҳамагир кормандони милиса низ роҳи фирор надоштанд.

"Корманди милиса ҳам ба монанди дигар шаҳрвандон аз ин маризӣ эмин набуд. Чандин нафар мариз шуданд. Мутаассифона, 7 корманди мо маҳз аз ҳамин маризӣ ба ҳалокат расиданд. Чандин нафари дигар маризиро пушти сар карданд. Бархе ноаён гузаронданд", - гуфт Рамазон Раҳимзода.

Дар анҷоми ин посухи вазир касе аз толор суол кард, ки "оё худи Шумо ҳам мариз шудед?", Рамазон Раҳимзода дар ҷавоб гуфт: "Ман ҳис накардам".

"Ҳамлаи пневмония" ба генералҳои ВКД: бидуни талафот

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин зиёд тафсилот ироа накард, аммо бино ба иттилое, ки расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони авҷи пандемияи вируси корона дар кишвар ба нашр расонданд, аз сарбози оддӣ то генералу дигар рутбадорони сари кору бознишастаи милиса ба маризиҳои мухталиф гирифтор шуда, онро ба сахтиву осонӣ сипарӣ карданд ва ё ҳам аз олам чашм пӯшиданд.

Ин манобеъ аз гирифтории муовинони вазир, сардорони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ва дигар раёсатҳои вазорат ва ҳамзамон афсарони поёнрутбаи он хабар пахш карда буданд.

Даргузашти боз як генерал: пас аз як моҳи нафақа ва се рӯзи маризӣ

Аммо дар аксари ин маворид аз маризиҳои ҳамроҳ, назири "илтиҳоби шуш" ё сактаи дил суҳбат мешуд. Бино ба ин манобеъ, дар ин айём генерал – майорҳо Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазир, Акбар Насимзода, сардори Раёсати бехатарии давлатаии автомобилӣ (БДА) ва Фотеҳ Қунғуротзода, сардори раёсати нақлиёти ВКД аз "пневмония" ё илтиҳоби шуш дар Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон ва Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ба далели шамолхӯрӣ дар хона бистарӣ шуда, пас аз гузаштани як марҳалаи табобат шифо ёфтаанд.

Шӯхӣ нест: марги зодаи генерал – губернатории Туркистон дар Душанбе

Ҳамзамон, бино ба иттилои расонаҳо, афсарони сари кор дар шуъбаву раёсатҳои ВКД дар саросари кишвар, аз ҷумла подполковник Мӯминҷон Раҳмизода, сардори шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар Панҷакент, майор Абдуғанӣ Ҷӯрақулов, сардори БДА - и ноҳияи Зафаробод, майор Абдураҳмон Субҳонов, корманди шуъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур - 2 – и шаҳри Душанбе дар ин давра ҷонҳои худро аз даст доданд.

Даргузашти Шералӣ Мирзоев дар беморхонаи сироятии Кӯлоб-акс

Дар ин миён, аз фавти генералу афсарони бознишастаи ВКД, аз қабили генерал – майор Абдулваҳҳоб Искандарзода, собиқ сардори Раёсати ВКД дар Кӯлобу Бадахшон ва бародараш полковник Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати БДА дар Кӯлоб, генерал-майор Абдуҷаббор Шамсзода, собиқ муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон ва ахиран полковник Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА - и шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ хабарҳо пахш шуданд.

Даргузашти генерал Абдуласанов, собиқ ноиби вазири дифои Тоҷикистон-акс

Далели фавти аксариятро маризиҳои мухталиф, ба шумули илтиҳоби шуш, сактаи дил, қанд ва ғайра эълон карда буданд, аммо ҷое гуфта нашуд, ки касе дигар ҳам аз ҷумлаи кормандони милиса ба далели гирифторӣ ба вируси корона фавтида бошад.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, то 3 августи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 538 нафар ба маризии вируси корона гирифтор шуда, аз ин шумора 6317 (83,8%) нафар шифо ёфтааанд ва 61 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд, ки ба қавли вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 7 тан аз онҳо кормандони милиса будаанд.