Аз домоду арӯс то меҳмонон: дастури шаҳрдори Хуҷанд барои гузаштан аз санҷиши COVID-19

Шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастур додааст, ки шаҳрвандоне ки тўйи хонадоршавӣ мегузаронанд, бояд иштирокчиёни маърака аз тести муайяннамоии коронвирус гузаранд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Маъруф Муҳаммадзодаин нуктаро зимни  ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус изҳор доштааст.

Ҳушдори раиси Хуҷанд: бозорҳо дубора баста мешаванд, агар...

Маъруф Муҳаммадзода  бо дастур ба масъулини дахлдор гуфтааст, ин тадбир баҳри пешгирии сирояти дигар нафарон амалӣ карда мешавад.

Муҳаммадзода бо натиҷагирӣ аз вазъи воқеъии сироятшавии беморон ва пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории короновирус таъкид доштааст, ки имрўз мо фурсат дорем, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беморӣ тадбирҳои амалӣ андешем, вагарна фардо дер хоҳад шуд ва он идоранашаванда мегардад.

Ҳамзамон зимни ҷаласа изҳори нигаронӣ карда шудааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад.

Таъсири COVID -19 ба туйҳои арӯсию домодӣ дар Хуҷанд

Бино бар пояи оморҳои Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид. Ҳамзамон то санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд.