Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорати тандурустӣ фавти як дардманди дигар аз коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расид. Бо илова шудани як мавриди ҷадид теъдоди қурбониён ба 61 нафар расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7495  нафар баробар гардид.

Фавт аз коронавирус дар Эрон ҳамоно зиёд аст: 208 нафар дар як рӯз қурбон шуданд

Ба иттилои манбаъ, то санаи  2 август  дар мамлакат  6276 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Пизишки қалб ду иштибоҳи ҷиддӣ ҳангоми коронавирусро ном бурд

Ҳамчунин шабонарӯзи ахир боз як маризӣ дигар дар Тоҷикистон ҷон бохт ва теъдоди умумии қурбониёни коронавирус ба 61  нафар расид.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.