Рашид Раҳимов имкон дорад сармураббии дастаи "Химки" шавад

Рашид Раҳимов, аз футболбозони шинохтаи вақт ва мураббии машҳури тоҷик, пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ин нобиғаи футболи тоҷик имкон дорад рӯзҳои наздик сармураббии тими “Химки”шавад, хабар медиҳад сомонаи “Чемпионат”.

Меҳмон мизбонро мағлуб кард: пирӯзии “Соро компания” ва “Сипар” дар меҳмонӣ

Ин сомона бо такя ба манобеяш навиштааст, Рашид Раҳимов яке аз номзадҳо бар курсии сармураббигии “Химки” мебошад.

Ба иттилои расонаҳои варзишӣ снаи 30 июл Раҳимовро дар дафтари “Спартак”дидаанд.

Қаблан Сергей Юран, собиқ сармураббии “Химки”пас аз тарки вазифаи сармураббигӣ, изҳор дошт, ки чунин қарорро роҳбарияти “Спартак” қабул кардааст.

Тими “Химки” дар мавсими ҷорӣ дар Лигаи якуми Россия зинаи дуюмро соҳиб шуда, роҳхати Премйер-лигаи Россияро соҳиб гардидааст.

Рашид Раҳимов муттахасиси 55 солаи тоҷик қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст.