Фавт аз коронавирус дар Эрон ҳамоно зиёд аст: 208 нафар дар як рӯз қурбон шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии сироятии коронавирус дасти кам 208 нафар ҷон аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сухангӯи беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта ҳудуди 2 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардида, ҳамзамон 258 нафар давоми як рӯз беҳбуд ёфта аз дармонгоҳҳомураххас гардиданд.

Пизишки қалб ду иштибоҳи ҷиддӣ ҳангоми коронавирусро ном бурд

Симо Содот Лорӣ гуфт дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 685 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 423 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 309 ҳазору 437 нафар расидааст, афзуд дар 24 соати гузашта 208 нафар аз беморони  КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 17 ҳазору 190 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 268 ҳазору 102 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта  ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз  18 миллион  нафар расидааст, ки аз ин теъдод  ҳудуди 690 ҳазор нафар ҷон бохта ва дасти кам 11 миллиону 345 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.