ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба гуфтаи мақомот, Асадуллоҳ Оракзай, нафаре, ки дар куштори даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ даст дошт, дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шуд.
Кушта шудани як раҳбари ДОИШ дар ҳолест, ки миёни гуруҳи Толибон ва давлати Афғонистон барои таҷлили Иди Қурбон оташбаси се рӯза эълон шуда буд.
Дар Афғонистон солҳо боз миёни давлат ва гуруҳи Толибон, ки онро мухолифон низ меноманд, ҷанг идома дорад. Гуруҳи ДОИШ ҳам бо Толибон ва ҳам бо неруҳои давлати Афғонистон мушкил дорад.
Зас аз фаъолияти ДОИШ ва гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт
Пештар, Созмони милали муттаҳид аз фаъол шудани гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гузориш дода буд.
Ин гурӯҳ соли 2014 дар ҳудуди Ироқ ва Сурия қаламраверо зери назар даровард ва “Хилофат” эълон кард.
Пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ин гуруҳ бештар дар Афғонистон фаъол шудааст.