ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Қирғизистон боз 12 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама беш фавт дар шаҳри Бишкек сурат мегирад. Танҳо дар як шабонарӯз дар ин шаҳр дасти кам 4 бемор фавтиданд. Инчунин се маризи дигар дар вилояти Ҷалолобод ҷон бохтанд. Дар чаҳор вилояти боқимонда, як ва ду мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод
Вазорати тандурустӣ меафзояд, бо илова шудани 12 мавриди ҷадид, теъдоди умумии қурбониён ба 1409 нафар баробар шуд.
Зикр мегардад, ки вазъи санитарӣ - эпидемиологии Қирғизистон якбора мобайнҳои июн ваҳим шуд.
Мақомоти ин кишвар иллати бад шудани вазъиятро ба риоя нагардидани фосилаи иҷтимоӣ, баргузории тӯю азодорӣ бидуни маҳдудиятҳо, гашту гузор бе ниқоби тибббӣ рабт медиҳанд.