Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сӯҳбати Раҳмону Эрдуғон: аз ҳамдардӣ то барқароршавии парвозҳо ва таҳдиди "COVID" - 19

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон масъалаи барқарор кардани парвозҳои мунтазамро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз телефонӣ сӯҳбат кард.

Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат кишвардорон ба муносибати Иди Қурбон ҳамдигарро табрик гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои аслии ин Иди саидро, ки таҷассумгари арзишҳои умумбашарии бародарию пайвандҳои амиқи дӯстӣ, ризоят, ҳамдигарфаҳмиву эътимод ба якдигар ва ҳамдастӣ мебошанд, таъкид кардааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Дар ин росто Президенти Тоҷикистон ба мардуми Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчӣ зудтар орзу кардааст.

"Ба ҷониби Туркия барои тақдими кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан миннатдории ин ҷониб иброз карда шуд. Дар робита ба ин Президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.