Аҳмадзода ба беморхонаи муолиҷаи гирифторони коронавирус рафт

Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос намуда, қайд кард, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раис.

Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос намуда, қайд кард, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

"Бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли мавҷи хуруҷи дуюми коронавирус, ки алакай дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст, аз таҷрибаи кории худ хулосаҳои заруриро бароварда, барои пешгирии он ҳамаҷониба омодагӣ бинед", - таъкид кардааст раиси вилоят.
Аҳмадзода бо раиси Хуҷанд дар рӯзи арафа ба Сайрам Исоева пулу тӯҳфа бурданд

Ба масъулини Раёсати тандурустӣ дастур дода шуд, ки маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва лавозимоти тиббиро захира намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода табибонро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта,ба онҳо маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал кӯмак расонидааст

Сипас, Раиси вилоят аз беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов боздид кардааст.
"Дар беморхонаи мазкур барои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, саҳми табибони ин муассисаи тиббӣ дар муолиҷаи беморон ва пешгирии интиқоли бемории сироятӣ назаррас аст", - менависад котиботи раиси вилоят.

То ҳол ин беморхона махсус барои табобати гирифторони КОВИД-19 фаъолият дошта, таҷриба ва тарзи муолиҷаву корбарӣ дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд гирифтааст. Ҳоло низ дар беморхона беморон таҳти назорати табибон қарор доранд. 

Аҳмадзода дар Рӯзи Оила аз ҷуфте хабар гирифт, ки 52 сол якҷоянд

Раиси вилоят барои фаъолияти шоёни кормандони соҳаи тиб миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён намуда, таъкид кард, ки мардум ба нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи табибон боварии калон дорад.