Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кумак ва табодули таҷриба: имдоди Русия ба дигар кишварҳо дар мубориза бо COVID - 19

Дар Русия, ки феълан вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус таҳти назоратӣ ҷиддӣ қарор дорад, аз ин рӯ Русия мекӯшад, то таҷриба ва усули табобати худро бо дигар давлатҳо тақсим кунад
Sputnik

Имдоди Русия дар робита ба муборизаи шадид алайҳи коронавирус ба бисёр давлатҳо расидааст.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид
Дар ин кишвар, ки вазъият аллакай рӯ ба беҳбуд ниҳожааст, аз ин рӯ ҳукумати Русия ва пизишкони он кӯшиш мекунанд, то таҷриба ва усули табобати худро бо давлатҳои дар вазъи мушкил қарор дошта, қисмат кунанд.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Зикр мегардад, ки кумаки бештар аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон ирсол шудааст.

Қазоқистон низ аз кумакҳои Русия бархӯрдор гардида буд. Ин кумакҳо аз тесту дору то таҷҳизоти тиббиро дарбар мегиранд.